МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ НУРМАҲМАДЗОДА ҶАМШЕД БО СОКИНОНУ БОШАНДАГОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо бо мақсади бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои сохтмонию азнавсозӣ бомаром идома доранд.

Дар ин замина, санаи 12 июни соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед аз рафти ҷараёни корҳои сохтмониву бунёдии муассисаи нави таълимӣ дар назди кӯдакистони №23 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз боздид ва бо сокинони бошандагони деҳаи мазкур мулоқот намуданд.

Қайд кардан зарур аст, соли 2025 аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба оғози сохтмони муассисаи нави таълимӣ дар назди кӯдакистони №23 санги асос гузошта шуда, бо дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, соҳибкорони ватанӣ ва сокинони сарбаланди деҳа айни ҳол корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед зимни боздид бо омӯзгорон ва мардуми маҳалли Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз суҳбати озоду самимӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом доданд. Ба мардуми сарбаланди Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз барои ташаббусҳои созандагиву бунёдкорона ва тадриҷан ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаи маҳал изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ҳамзамон, роҳбари ноҳия ба масъулони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз дастуру супоришҳои муфид доданд, ки дар ҳамбастагӣ бо аҳолӣ ва соҳибкорон ҷиҳати бунёди муассисаҳо ва муассисаҳои томактабӣ (боғча-яслӣ), бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва мумфаршкунии пурраи роҳҳои дохилии ҳудуди деҳаҳо ва дар маҷмӯъ ҳудуди ҷамоат тадбирҳои амалӣ андешанд.

Мардуми маҳал дастуру пешниҳодҳои Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек-ро хуш пазируфта, ҳамовозию ташаббускориҳои минбаъдаро изҳор карда, баҳри амали кардани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як маҳал ва деҳаву кӯчаҳои худ саҳми босазо мегузоранд.