НАВРӮЗ ҶАШНИ ВАҲДАТУ ҲАМЗИСТИСТ!

image_pdfimage_print

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониён бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар оғози намоиши идона, ҳайати расмиро дар даромадгоҳи муассиса бо садои карнайу сурнай, шеъру суруд гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.Чорабинӣ бо боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфта, муассисаи мазкур дастархони идонаи худро бо рамзҳои наврӯзии “ҳафтсин” ва “ҳафтшин” оро дода буданд, роҳбари ноҳия аз намоишгоҳи расму оинҳои мардумӣ, дастовардҳои хонандагони муассиса ва хӯрокҳои миллии хосси наврӯзӣ дидан ба амал оварда, барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги ғановатманди ниёгон ба дастандаркорони он баҳои баланд доданд.

Зимни сухани табрикотии хеш Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек қайд намуданд, ки

“Наврӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифта, имрӯз ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳёи табиат дар тамоми ҷаҳон шинохта шудааст”.

Инчунин таъкид доштанд, ки “Наврӯзи имсола бо корҳои ободониву созандагӣ ва шинонидани ҳазорон бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан бахшида ба сазовор таҷлил гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия тавъам омад”.

Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки оини муқаддас ва файзбори ориёӣ, ки ҳазорсолаҳо ҳаёти маънавӣ ва ғоявии миллати тоҷикро шодоб мегардонад, яъне Наврӯзи оламафрӯз аз нав эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Имрӯз бо ифтихор ва шодмонӣ метавон гуфт, ки Наврӯз чун пештара ҷойгоҳи худро соҳиб гашт ва дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Эҳёи бомароми расму оинҳои накӯи наврӯзӣ ба тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он собит месозад, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ва ворису посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ мебошад. – иброз доштанд Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Чорабинии идона бо барномаи фарҳангӣ – фароғатии наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардид. Боиси зикр аст, ки тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳия идома дошта, нишонаи он аст, ки мардуми шарифи мо ба анъанаҳои ниёгони худ содиқ буда, ин иди покро бо нияти нек ва умед ба соли пурбаракат истиқбол мегиранд.