НАВРӮЗ-ТАҶАССУМГАРИ СУННАТҲОИ НЕКИ НИЁГОН-таҷлили Ҷашни Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Сомониён
Ҷаҳонӣ гардидани ҷашни Наврӯз аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шароити кунунӣ воқеан ташаббусҳои Cарвари давлати мо ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи олам боло мебардорад.
Бо ифтихор аз ин иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Ҷашни байналмилалии Наврӯзро сокинони сарбаланди шаҳру деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд.
Дар ин замина, санаи 12 апрели соли 2025 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек дар таҷлили Ҷашни наврӯзии сокинони Ҷамоати деҳоти Сомониён иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек кулли сокинони шарафманди деҳаро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон бахту иқболи нек, зиндагии орому осуда ва ба Ватани азизамон баракату фаровонӣ ва сулҳу осоиши пойдорро таманно намуданд.
Ҳамчунин, зикр карданд, ки дар сиёсати фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона муаррифӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Сомониён ҳамасола бо анъанаҳои ба худ хос давоми 3 рӯз таҷлил мегардад.
Дар ин шабу рӯз хурду калони деҳа дар мавзеи сарзабзу хуррам маъмул бо номи ,,Идҷо,, ҷамъ омада, бо оростани дастурхони идона, ташкил намудани давраҳои рақсу бозӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили гӯштин, бозии тухмҷанг ва дигар анъанаҳои аҷдодӣ Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн мегиранд.
Дар ин рӯз ҳам Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Сомониён бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо намоиши шеъру сурудҳои дилнишин, анъанаҳои мардумӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ шукӯҳи идона бахшид.