НИҲОЛШИНОНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД…

image_pdfimage_print

Шинонидани дарахт, нигоҳубин ва парвариши он чун анъана ва суннати нек пазируфта шуда, дар ин баробар амали барои табиат фоидаовар маҳсуб мешавад. Дар шароити тағйирёбии иқлим барои нигоҳ доштани мувозинати табиат шинонидани дарахтон амри зарурӣ дониста мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи парвариши дарахтон, бунёди боғҳо ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи кишвар таваҷҷуҳ намудаанд.

Дар ин радиф санаи 7 январи соли 2026 бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар заминҳои корам воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо мақсади сарсабзиву ободии ноҳия ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарият, омӯзгорон, хонандагон ва масъулони муассисаи мазкур бо ҳисси баланди зебоипарастӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ ниҳолҳо шинонида, дар ободониву сарсабзии диёри зебоманзар саҳм мегузоранд.

Чунин иқдоми мазкур дар тамоми ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад.