Омодагии техникаҳои кишоварзӣ ба кишти баҳории соли 2024

image_pdfimage_print

Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 28 феврали соли равон дар маркази Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия намоиши омодагии техникаҳои кишоварзӣ ба кишти баҳории соли 2024 баргузор гардид.

Дар намоиш иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, муовини директори Корхонаи воҳидии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикагролизинг” Мӯминов Ботур, дигар шахсони расмӣ ва масъулон ширкат варзиданд.Зимни намоиш ҳозирин ба вазъи омодагии техникаҳои кишоварзӣ барои кишти соли 2024 баҳои баланд дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тавсияҳои муфид баён намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 513 адад техникаҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, то ин давра 482 адад техникаҳо омодаи кор мебошанд, ки ин нишондиҳанда 93% – и техникаро ташкил медиҳад.Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар сӯҳбат бо кишоварзон ва механизаторон ҷиҳати омодагии пурраи техникаҳои кишоварзӣ барои кишти баҳории соли 2024, вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас дода, қайд намуд, ки бояд ҳарчӣ зудтар корҳои саҳроиро оғоз намоянд.

Инчнин, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо, муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва муовини директори Корхони воҳидии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикагролизинг” Мӯминов Ботур дар назди ҳозирин баромад карда, вобаста ба самти соҳаи кишоварзӣ ва мақсаднок истифода кардани замин, ба сифат гузаронидани шудгор ва гузаронидани кишти зироатҳо, дастрас кардани техникаҳои кишоварзӣ тавассути лизингӣ бо назардошти имтиёзҳои пешбинишуда, риояи ҳатмии структураи кишт, истифодаи тухмиҳои аълосифат ва агрохимикатҳо ба кишоварзону механизаторон тавсияҳо доданд.

Дар ҷамъбаст як қатор фаъол механизаторони ноҳия бо сипоснома ва тӯҳфаҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қадрдонӣ карда шуданд.