ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Иқдоми навбатии хайрандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов амалан ҷонибдорӣ меёбад. Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид. Тазаккур бояд дод, ки ин ташаббуси хайрхоҳонаи Пешвои миллат мавриди ҳамовозӣ ва ҷонибдории ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю идораҳо, соҳибкорони бонангу номус ва шаҳрвандони алоҳида қарор ёфтааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоту сохторҳои марбута, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва соҳибкорони саховатпешаи ноҳия алҳол тамоми воситаю имконояти мавҷудаю дастрасро барои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи “COVID-19”, фароҳамсохти шароити зарурӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ, ба аҳолӣ фаҳмондани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодгардида, манъи чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ниқоб зимни баромадан ба кӯчаву ҷойҳои серодам, безараргардонии муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дӯконҳо ва гулгашту хиёбонҳо, ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот равона кардаанд.