Паёми табрикии Раиси ноҳия бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2026

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз! Сокинони сарбаланд ва меҳмонони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов! Мо дар арафаи фарорасии соли нави мелодӣ – соли 2026 қарор дорем, ки онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории ноҳия ва Тоҷикистони азизамон истиқбол мегирем.

Воқеан, соли нав дар таърихи тамаддунибашарият, сарфи назар аз он, ки ба кадом намуди солшуморӣ тааллуқ дорад ва бакадом фасли сол рост меояд, бо қадами хуҷастаи худ ҳамеша хушнудиву хушҳолӣмеорад.

Ба ин муносибат фарорасии соли нави мелодии 2026-ро бо қалби саршор аз умеду орзуҳои нек ба ҳамаи Шумо меҳмонон ва сокинони шарафманду сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов самимона муборакбод намуда, ба ҳар яко яки Шумо сиҳативу саломатӣ, саодату нусрати зиндагӣ, бахтуиқболи накӯ, пирӯзиву сарфарозиҳо ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон ваҳдату оромии ҷовидониро таманно менамоям.

Дар арафаи соли нав натиҷагирӣ кардан аз бурду бохтҳои соли сипаришаванда ва таҳрезии нақшаҳо барои соли ояндабарои мо ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ин маънӣ, агар ба роҳи паймудаимардуми ноҳия дар соли рафта истода назар андозем, итминон ҳосил мекунем, кисоли 2025 соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷибва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд.

Боиси тазаккур аст, ки зимни дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳматҳои пайгиронаи мардуми ноҳия дар соли 2025 нишондиҳандаи иқтисодии ноҳия дар муқоиса бо соли қаблӣ афзуд, ки боиси ифтихору сарбаландист.

Дар ин раванд зикр бояд намоям, ки тӯли 34-соли даврони соҳибистиқлолии кишварамон, ноҳия марҳала ба марҳала ва сол аз сол ба пешравиҳои пай дар пай ноил шуда истодааст. Мутмаинам, ки ба фарорасии Соли нави мелодии 2026 ва истиқбол сазовор гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ, ободӣ ва бунёдкорӣ ҳадафи асосии ҳар як сокини ноҳия буда, минбаъд низ ҳамаи воситаю захираҳои мавҷуда ҷиҳати идомаи корҳои созандагӣ ва ободии диёр самаранок истифода карда мешавад.

Дар баробари ҳамаи ин вазифаи аввалиндараҷаи мо дар Соли нави мелодӣ, пеш аз ҳама, идома бахшидан ба раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои неки умумибашарӣ мебошад.

Ҳамватанони азиз!

Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки фарзандонамон ҳамчун насли бомаърифату соҳибфарҳанг, бонангу номус, ҷӯяндаву эҷодкор ба камол расанд.

Боварии комил дорам, ки соли 2026барои тамоми мардуми сарбаланди ноҳия соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлату давлатдорӣ ва соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа мегардад, зеро дар ин сол низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар диёрамон боз як қатор корхонаҳои саноатӣ, иншоотҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд дод, ки ин баҳри беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мо мусоидат хоҳанд намуд.

Шубҳае нест, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҳар як фарди бонангу номуси Ватан дар Соли нави мелодии омадаистода, ба хотири татбиқи барномаҳои стратегии миллиамон ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азму талоши ватандӯстонаи худро бештар намуда, барои бозҳам афзун гардонидани иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон заҳмату кӯшиши ободгаронаи худро дучанд хоҳанд кард.

Ҳамчунин, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба дастовардҳои боз ҳам беҳтару хубтар ноил мегарданд ва бо бовари изҳор медорам, ки халқи мо минбаъд низ бо шукргузорӣ аз фазои осудаву ороми Ватан рӯ ба фардои дурахшони худ намуда, барои боз ҳам зебо шудани сарзамини аҷдодӣ кору фаъолият менамоянд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳар яки Шумо – ҳамдиёрони азизро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 сидқан ва самимона табрик намуда, ба Шумо сарсабзӣ, саломатӣ, бурдборӣ ва хонаи ободу рӯзгори хушро орзу менамоям!

Бигзор Соли нав барои ноҳияи азизи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созандаи ҳамдиёронамон гардад.Умед ба он дорем, ки соли нав соли оромиву осудагӣ бошад ва барои кулли тоҷикистониён саодату комёбиҳои нав ба навро насиб гардонад.

Соли нави мелодии 2026 муборак, ҳамдиёрони азиз!

Бо эҳтиром Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек