Ҳамватанони азиз, ҷавонони саодатманд,
варзишгарону парчамбардорони азиз,
меҳмонон ва сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов!
Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бо ин муносибат Шумо меҳмонон ва сокинони сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расуловро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, некномӣ ва комёбиву музаффариятҳои беназирро таманно менамоям.Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.Мавриди зикр аст, ки рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории 16 – умин ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, он мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми сарбаланди миллати тоҷик мебошад.Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дошта, дар маъхазҳои таърихӣ ҳодисаҳои пурифтихори миллӣ дарҷ гардидааст. Шоёни зикр аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши калон дорад.Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».Дар иртибот ба ин бояд ҳамеша саъю талош намоем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.Ҳамватанони азиз, мову Шумо муаррифгари миллати соҳибтамаддун ва фарҳангсолори миллати тоҷик ҳастем ва бояд зимни фаъолияти меҳнатӣ, омӯзишу иштирок дар чорабиниҳои муҳими ҷамъиятиву сиёсӣ талош намоем, ки миллати созандаву бунёдкори тоҷик ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хизматҳои шоиста, дастовардҳои назаррас ва иқдомоти наҷибу ибратбахш парафшон намоем.Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хосаи мардуми сарбаланди тоҷик ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад.Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати мардуми шарифи тоҷик ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

