Паёми табрикии раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба муносибати Иди Қурбон

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз!Имрӯз мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов дар қатори тамоми мусулмонони дунё яке аз идҳои муборак ва суннатии худ – иди Қурбонро бо як шодию нишот дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифта истодаанд. Ба муносибати фарорасии иди мубораки Қурбон Шумо ва аҳли пайвандонатонро самимона табрику муборакбод намуда, саодатмандии дунё, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдати комил ва файзу баракатро таманно менамоям. Дини мубини Ислом дорои тамаддун ва фарҳанги ғание аст, ки бо арзишҳои олии худ дар давоми асрҳо дар ташаккули худшиносии миллатҳои гуногуни олам нақши бағоят бузург бозидааст.Фарҳанги бузурги исломӣ саршор аз ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, зебоипарастӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстон, дилсӯзию ғамхорӣ ба беморон, ёди хайр аз гузаштагон мебошад. Ислом адаб ва панду насиҳат аст. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мусулмонон аз он иборат аст, ки дар тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷомеа ҳамаҷониба саҳм гузоранд. Иди Қурбон дар худ арзишҳоеро таҷассум менамояд, ки онҳо ифодакунандаи фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳар фарди доро ба вазъи зиндагии эҳтиёҷмандон, кӯмаку дастгирии онҳо ва дароз кардани дасти муҳаббату бародарӣ заминаи ҳаётӣ мебошанд.Бузургтарин савоб дар рисолати Ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Донишмандони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати Ҳаҷҷи Акбар ҳам зиёдтар аст. Дар арафаи ин иди суннатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти пуштибонии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода чандин оилаҳои камбизоат, беморону барҷомондагон, ятимон ва хонаҳои пиронсолонро аёдат намуд. Дар ин рӯзи Саид изҳори умедворӣ менамоям, ки мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пайравӣ аз арзишҳои олии динӣ ва миллӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди иҷтимоии ноҳия саҳм гузошта, рӯ ба илму маърифат, донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ меоранд, бо комёбиҳои тоза ноҳияро машҳур месозанд ва дар истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободонию пешрафти ноҳияи азизамон хизмати арзанда мекунанд. Бори дигар фарорасии иди мубораки Қурбонро ба Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми меҳнаткаши ноҳияро муборакбод намуда, бароятон хонаи обод, чеҳраи пурнуру сари баланд, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фароҳдастӣ, имони комилу илми боамал орзумандам.
Ид муборак дӯстони азиз!