Ҳамдиёрони азиз,
Сокинони сарбаланд ва меҳмонони шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов!
Бо камоли эҳтиром ва ифтихори ватандорӣ ҳамаи Шумо — сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ — 28-солагии Рӯзи Ваҳдати Миллӣ сидқан табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаатон саломатии комил, хотири ҷамъ, баракати рӯзгор ва барори кору саодати зиндагиро таманно менамоям.
Итминони комил дорам, ки сулҳу Ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзиши муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳанд монд!Рӯзи Ваҳдати Миллӣ яке аз рӯйдодҳои тақдирсоз ва пурифтихори таърихи навини давлати тоҷикон маҳсуб меёбад.
Маҳз бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати сарбаланди тоҷик аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳида, дар фазои сулҳу субот роҳи созандагӣ ва ободкориро пеш гирифт.
Пешвои миллат бо азму матонати қавӣ, иродаи шикастнопазир ва муҳаббати самимӣ ба миллат тавонистанд миллати парешонгаштаву парешониву ноумедгаштаамонро муттаҳид созанд ва ба сӯи ваҳдату якпорчагӣ раҳнамоӣ намоянд. Имрӯз мо самараи он талошҳоро дар ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз — аз бунёди роҳҳо, мактабҳову бемористонҳо то суботи сиёсӣ ва болоравии маънавиёти миллӣ, бо чашми сар мебинем.Мо бояд шукрона кунем, ки дар чунин фазои ором ва муттаҳид зиндагӣ мекунем.
Ҳифзи ин ваҳдати муқаддас, арҷгузорӣ ба хиради таърихӣ ва пос доштани сулҳу субот вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди соҳибнангу номуси Тоҷикистон аст
Нақши ҷавонон дар ин раванд махсусан муҳим аст. Мо бояд насли наврасро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ваҳдат, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия кунем, то онҳо давомдиҳандагони сазовори ин роҳи нуронии Пешвои миллат бошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат фаъолияти хешро ба рушди соҳаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва беҳбудии шароити зиндагии мардум равона намудааст.27-уми июни соли 1997 дар ҳақиқат рӯзи тантанаи мақсади наҷиби Пешвои миллат дар роҳи хеле мураккаб ва шадиди барқарор кардани сулҳу оромӣ дар кишвар, амалӣ шудани ваъдаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дода буданд, ба ҳисоб меравад.
Маълум аст, ки дар ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ ва сарнавиштсоз – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон орзуи миллати кӯҳанбунёди тоҷик бо калимаҳои СУЛҲ ва ВАҲДАТ таҷассум ёфта, он бори дигар тинати сулҳпарвару заковати баланди халқро нишон дод.
Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ Тоҷикистон давраи мураккабу пурихтилофи таърихи навини худро паси сар намуд. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ин ҳуҷҷати таърихӣ сарчашмаи боэътимоди якдилӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат гардид.
«Дастоварди бузургтарини мо, – таъкид кардаанд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард, таъмини сулҳу оштии миллӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст».
Дар эҳёи сулҳи тоҷикон, бунёд ва ташаккули давлати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, зеро талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат неъмати сулҳу ваҳдати комилро барои мардуми тоҷик эҳдо намуданд.
Шоистаи таъкид аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар остонаи ҷашни бошукӯҳи 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки сокинони ноҳия дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил мешаванд ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар оянда низ вусъати тоза мегиранд.
Ваҳдат ҳастии миллат ва пояи давлат аст. Ҳар давлату миллате, ки Ваҳдати миллиро ба даст меорад, метавонад ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ пешрафт кунад ва мардумаш низ осуда зиндагӣ кунанд. Шукр аз он мекунем, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ду ҷашни бузурги гаронарзиш, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст, ки имрӯзҳо дар тамоми гушаву канори кишвари азизамон сулҳу амонӣ танинандоз аст.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад.
Воқеан, дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва дар як муддати кӯтоҳ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.
Давлат дар ҳоли парокандагӣ ва миллат дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз шахсияти таърихӣ ва парчамбардори рисолати бузурги ватансозӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиммаи роҳбариро ба душ гирифта, ба низоми давлатдории муосир асос гузоштанд.
Ба ҳар як ташаббусе, ки иқдом гирифтанд, дар сатҳи ҷаҳон пазируфта шуданд. Ҳадафҳои олии ватансозиашон тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор карда, мардуми мамлакатро ба шоҳроҳи рушду шукуфоӣ ҳидоят намуданд.
Аз ҳамин ҷост, мо, ҳама якдилу як маромему баҳри Ваҳдату якпорчагӣ, ободиву оромӣ ва гулгулшукуфоии Ватани худ пайваста бо меҳнати босуботу ғайрати дучанд саҳми арзандаи хешро гузорем, зеро Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқоти хеш иброз менамоянд: “Мо набояд фаромӯш созем, ки сулҳу Ваҳдат миллати моро аз парокандагӣ наҷот дода, давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт».
Дар арафаи таҷлили ҷашни фархундаи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бошандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов, чун тамоми мардуми азизи кишвар вазифаю масъулиятамонро дар назди ҷомеа хуб дарк намуда, ҷашнҳои фархундаи миллатро ҳамчун муқаддастарин дастоварди таърихи навини худ бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоем.
Ин рӯйдоди нодири таърихӣ, бо ибораи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонда, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад, танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон Ватани ободу зебо ба мерос гузорад.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар, фарорасии ҷашни бузурги 28 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллӣ-ро ба ҳар як хонаводаи тоҷик, бахусус ба мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов самимона табрик гуфта, орзуманди саодати рӯзгор, файзу баракат, ва сулҳу суботи пойдор дар саросари Ватан ҳастам.
Бигузор, Ваҳдати миллии тоҷикон ҷовидон поянда бошад!
Зинда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Бо эҳтироми самимӣ
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов
Юлдошзода Олимбек
