ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Ҷавонони саодатманди ноҳияи Ҷаббор Расулов! Варзишгарон ва дӯстдорони футбол!

Бо эҳсоси баланди ифтихор ҳамаи Шуморо ба муносибати ин санаи муҳиму фараҳбахш — Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки Шумо саломатӣ, иродаи қавӣ, нерӯи созанда ва дар роҳи ватансозиву ободгарӣ дастовардҳои нав таманно дорам.

Имрӯз, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун иқдомҳои муттаҳидкунанда ва башардӯстона пазируфта мешаванд.

Дар радифи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро қабул намуда, 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.

Ин рӯйдоди таърихӣ бори дигар обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистони азизро таҳким бахшида, собит намуд, ки кишвари мо имрӯз ташаббускори арзишҳои муттаҳидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Рӯзи ҷаҳонии футбол дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.Ин ҷашн танҳо ҷашни варзиш нест.Ин ҷашни дӯстӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми миллатҳо мебошад.Ҷавонони азиз!Футбол инсонро ба интизом, иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва мубориза барои расидан ба ҳадаф тарбия мекунад.

Ҳар як бозигар дар майдон меомӯзад, ки ғалаба танҳо бо маҳорати шахсӣ ба даст намеояд, балки ваҳдат, эътимод ва ҳамдигарфаҳмии даста асоси пирӯзист.Маҳз ҳамин арзишҳо футболро ба мактаби бузурги зиндагӣ табдил додаанд.

Бо дастгирии доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз футбол дар Тоҷикистон бесобиқа рушд намуда истодааст.

Дар солҳои охир дар тамоми мамлакат садҳо майдонҳои муосири варзишӣ сохта шуда, барои наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар кишварамон барои оммавӣ гардонидани футбол, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, дарёфти чеҳраҳои нави варзишгарон ва ба ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022-2026” қабул гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчун яке аз ҳамоҳангсозони барномаи мазкур дар татбиқи амалии он нақши муҳим мегузорад.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ 3 адад майдончаи варзишӣ ва 1 адад толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ноҳия то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти хурду бузурги варзишӣ ба нақша гирифта шуда, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо оммавияти варзиш, тарғиби тарзи солими ҳаёт ва рушди варзиш таъмин карда мешавад.

Ин имкониятҳо замина гузоштанд, ки ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш, махсусан футбол, рӯз аз рӯз афзоиш ёбад. Моҳи май барои ҷавонони кишвар моҳи ифтихор ва худшиносӣ аст. Чорабиниҳое, ки дар доираи Моҳвораи ҷавонон баргузор мегарданд, ҷавононро ба ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва зиндагии солим роҳнамоӣ мекунанд.Имрӯз ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа мебошанд.

Мо ба ҷавонони худ эътимоди комил дорем. Зеро маҳз ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва иродаманд ояндаи Тоҷикистони азизро месозанд. Имрӯз дар шароити ҷаҳони босуръат тағйирёбанда ҳар як ҷавон бояд соҳиби дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди миллӣ бошад.

Мо итминони комил дорем, ки ҷавонон ва варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саодатмандӣ, пирӯзиҳои нав ва ояндаи дурахшон орзу менамоям.Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак!

Бо эҳтиром Раиси ноҳия, Раиси Федератсияи футболи ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек