ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Кормандон ва собиқадорони мақомоти суди ноҳияи Ҷаббор Расулов!Ҳамасола моҳи октябр мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ид «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамаи кормандони мақомоти судӣ, собиқадорони соҳа ва кулли алоқамандонро бо иди касбиашон шодбош гуфта, бароятон саломатии бардавом, хотирҷамъии ҳамешагӣ, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу дорам.

Дар боби 8-уми Конститутсияи Тоҷикистон вазифа ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас оварда шудаанд. Конститутсия ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода, масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд баланд бардошта, ҳаёт, шараф ва номусу дигар ҳуқуқҳои табиии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқ мустаҳкам намуда, онҳоро ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ бояд, пеш аз ҳама, меъёрҳои Қонуни асосиро дастури амал қарор диҳанд, зеро Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазифаҳои кормандони мақомоти судӣ ҳарф зада, аз ҷумла таъкид кардаанд, ки “ … бо назардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.”

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз истиқлолият роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро пеш гирифт, суд ҳамчун ҳокимияти мустақил нақши калидӣ дар таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дорад. Солҳои аввали истиқлолият давлат зарурати тақвияти пояҳои ҳуқуқӣ ва ислоҳоти судиро дарк намуда, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ кард, ки ҳадафашон баланд бардоштани нуфузи суд, мустақилияти он ва кафолати адолати иҷтимоӣ мебошад.

Имрӯз судҳои Тоҷикистон на танҳо ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқӣ машғуланд, балки ҳамчун кафили волоияти қонун, ҳимоягари ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва пояи адолати иҷтимоӣ амал мекунанд. Ин мақом ва масъулияти баланд судро ба яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ва амнияти ҳуқуқии ҷомеа табдил додааст. Дар асоси ҳамин сиёсати хирадмандона дар солҳои охир як силсила қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки ҳадафи онҳо тақвият бахшидани пояҳои фаъолияти судҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо ва таъмини шаффофияти мурофиаи судӣ мебошад.

Маҳз татбиқи чунин ислоҳот боис гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун қувваи мустақил ва таъсирбахш амал намуда, дар ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа саҳми муассир мегузорад. Волоияти қонун маънои онро дорад, ки ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз мақом, мансаб ва молу мулк, дар назди қонун баробар мебошанд. Вақте ки баробарии ҳақиқии шаҳрвандон таъмин мешавад, ҷомеа ба адолат ва боварӣ ба давлат ноил мегардад. Ин масъулияти бузург маҳз бар дӯши мақомоти судӣ аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои фароҳам овардани шароит барои фаъолияти густурдаи кормандони мақомоти судӣ тамоми чораҳоро меандешад ва роҳбарияти мақомоти судиро зарур аст, ки доир ба қабули қарор ва ҳалномаҳои қонунӣ, бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ кунанд ва нагузоранд, ки ягон ҷинояткор беҷазо монад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки кормандони мақомоти судӣ, баробари таъмини иҷрои вазифаи хизматиашон дар корҳои тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол буда, якҷо бо мақомоти дахлдор дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротгаро ширкат меварзанд, дар тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ саҳми бориз мегузоранд.

Дар ин радиф кормандони мақомоти суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба халқу Ватан хизмати содиқона карда, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва қонунияту адолатро ҳифз намуда, дар самти ободию шукуфоии ватани азизамон низ сайъу талоши пурсамар намуда истодаанд.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт бори дигар собиқадорони соҳа ва кулли кормандони мақомоти суди ноҳияи Ҷаббор Расуловро табрику таҳният намуда, сиҳатмандиву иқболи баланд, саодату рӯзгори осударо орзу намуда, дар татбиқи пайкори созандаи Пешвои муаззами миллат муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!

Бо камоли эҳтиром Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек