Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2022 дар таърихи кишвари азизамон соли таърихӣ ва хотирмон ба ҳисоб рафта рӯйдодҳои муҳим ба вуқӯъ пайваст. Ин санаҳо ва ҳодисоти фаромӯшнопазир дар таърихи давлатдории миллиамон бо хатҳои заррин сабт гардид.Соли 2022 ҳамаи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар роҳи татбиқи сиёсати ояндабахшу боэътимод ва созандаву тамаддунофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок меҳнат намуда, бо натиҷаҳои азими меҳнатӣ, иҷрои назарраси нақшаҳои соҳавӣ ноил гардидем.Дар ин соли таърихӣ мо ҷиҳати сазовор ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона меҳнат намудем.
Мо дар остонаи соле қарор дорем, ки ощози бунёдкориҳои халқи Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати бунёдкории Пешвои миллат идома меёбад ва дар ин замина изҳори боварӣ карда мешавад, ки намояндагони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, саъю талош варзида, дар роҳи бунёди давлати комилан демокративу ҳуқуқбунёд дучанд кору фаъолият намуда, ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба як минтақаи ободу пешрафта ва саноатӣ табдил хоҳанд дод. Дар ин лаҳзаҳои гуворо, ки қудуми хуҷастаи Соли нави мелодии 2023 ба хоки мубораки кишварамон гузошта мешавад, бо шукргузорӣ аз гузашти як соли таърихӣ ин руйдоди наҷибро ба шумо муборакбод гуфта, итминони комил дорам, ки бо шарофати Соли нав, мардуми азизамон бо шодию нишот, оромию субот, зафару нусратҳои меҳнатӣ ва ифтихор аз ҳастии давлати орому пешрафт фаъолияташонро дучанд менамоянд.
Бо чунин умеди наҷиб фарорасии Соли нави мелодии 2023-ро фархунда бод гуфта, бароятон саодати рӯзгор, дастархони пур аз нозу неъмат, тани сиҳату хотири ҷамъро орзу менамоям. Соли нав муборак, ҳамватанони азиз!
