Паёми табрикотии раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бахшида ба Рӯзи кормандони тиб

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам кормандони соҳаи тиб!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ботантана таҷлил мегардад.
Иди касбии шифобахшону ҳомиёни саломатии инсон – Рӯзи кормандони тибро ба кулли табибону ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳа таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, барори кору саодати рӯзгорро таманно менамоям.
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо давра ба давра амалӣ шуда истодаанд, ки баёнгари ҳусну таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа мебошад.
Боиси зикр аст, ки иди касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино алоқамандии бевосита дорад. Осори гаронбаҳои ин олими номвари тоҷик дар тамоми сайёра ҳамчун ганҷи бебаҳои илм пазируфта шуда, ҳамчун роҳнамои фаъолияти кормандони соҳаи тиб хизмат мекунад.
Табибон, шифобахшон ва ҳомиёни саломатии мардум мебошанд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, соҳаи тиби тоҷик низ рушду инкишоф ёфта, ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба ҷомеа як қатор барномаҳои давлативу соҳавӣ қабул гардиданд.
Бояд гуфт, ки садсолаҳо қабл аз ин ниёгони донишманди мо дар мисоли Абӯалӣ ибни Сино ганҷинаи нодири тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ аз ҷумлаи меросбарони Синои бузурганд, ки имрӯз барои солимии ҷомеа меҳнати пурсамар намуда истодаанд.
Кормандони муассисаҳои тиббии ноҳия ин рӯзи воқеан таърихиро дар соли барои халқу миллат фаромӯшнопазир бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ, ниятҳои нек ва руҳбаландии самимӣ таҷлил менамоянд. Онҳо баҳри беҳтар кардани сифати хизмати тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ меҳнати шоёни таҳсинро ба ҷо оварда, бо дастони шифобахш ва суханони нек ба мизоҷон тансиҳатӣ ва дарозумрӣ ҳадя менамоянд.
Боварии комил дорем, ки табибони ноҳия, минбаъд низ дастовардҳояшонро афзун намуда, роҳу усулҳои наву замонавии табобатро ҷорӣ менамоянд ва баҳри ҳифзи саломатии мардум меҳнати шоиста мекунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мақому манзалати табибонро дар сатҳи зарурӣ қарор дода, дараҷаи хизматрасониро ба аҳолӣ баланд бардоранд.
Итминони комил дорам, ки кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳия баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи неки ӯ хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.
Бо ҳамин таманниёт табибони ҳозиқро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният намуда, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат, осмони софу бещубор, файзи рӯзгор ва дар анҷоми рисолати инсондӯстона комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак бод табибони арҷманд!