Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба муносибати Рӯзи матбуот

image_pdfimage_print

Муҳтарам собиқадорони соҳаи матбуот,
Аҳли қалам ва эҷодкорон!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва бо муносибати Рӯзи матбуот самимона табрик намуда, ба Шумо хушиҳои рӯзгор ва тандурустиву фатҳи қуллаҳои нави эҷодиро таманно менамоям.
Ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 11 март ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил карда мешавад.Матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон буда, сарчашмаи муътамади иттилоъ буду боқӣ мондааст.
Матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа бахусус дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд.
Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ номидаанд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид ва вазъи соҳа ба маротиб беҳтар шуда, шумораи зиёди телевизиону радио ва рӯзномаву ҳафтаномаҳо арзи ҳастӣ намуд. Рӯзноманигорон бо таҳияи барномаву гузоришҳои пурмуҳтаво перомуни таъриху фарҳанг, расму оин ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат саҳми шоиста мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазифаҳои муҳими кормандони воситаҳои ахбори омма таъкид намудаанд: «Рӯзноманигорони мамлакатро зарур аст, ки вобаста ба таҳаввулоти замони муосир тарғиби сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамонро бештар ба роҳ монда, ба хотири таъмини амният ва ҳифзи ин сарзамини муқаддас аз тамоми неру ва қобилияти эҷодии худ истифода намоянд. Зеро гузашти замон нишон дод, ки рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ягонагӣ сахт вобаста мебошад».
Имрӯзҳо маҳз бо баракати сулҳу ваҳдат дар гӯшаву канори кишварамон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сокинон ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни таърихӣ заҳмат кашида истодаанд. Боварии комил дорам, ки рӯзноманигорони дар инъикоси дастоварду бунёдкориҳо беш аз пеш саҳм гузошта, ба давлату миллат содиқона хизмат менамоянд.
Бори дигар, аҳли қалам – кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро бахшида ба Рӯзи матбуот табрик гуфта, ба онҳо саломативу хотири ҷамъ ва рӯзгори ободу осуда таманно мекунам.
Саломату сарбаланд бошед!
Бо эҳтиром Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов