Паёми табрикотии раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи энергетика
Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони Истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид.Таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир соҳаи энергетика ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гашта, бахши энергетикаи барқӣ яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки мамлакат пазируфта шудааст.
Бинобар ин ба ҳар яки Шумо барқчиён барои ҳиссагузор будан дар пешрафту тараққиёти кишвар ва саҳм гузоштан дар рушду нумӯи мамлакат, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ миннатдории хешро баён намуда, Рӯзи кормандони соҳаи энергетика ва фарорасии соли нави милодии 2023-ро шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаатон барори кору орзуҳои нек, тансиҳативу хонаободӣ ва сарфарозиро таманно дорам.