РАИСИ НОҲИЯ БОШАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ХОНА- ИНТЕРНАТИ БЕМОРОНИ РУҲИРО АЁДАТ НАМУДАНД

image_pdfimage_print

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, махсусан ятимону бепарасторон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дастгирӣ ва аёдати табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус маъюбону бепарасторон, ин нишони дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад.
Бо ҳамин мақсад санаи 26 декабри соли 2024 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Ҳокимбек Накҳатзода ба муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳӣ”-и ноҳия ташриф оварда, аз шароити зист ва ҳолу аҳволи онҳо дидан намуданд.
Зимни аёдат Раиси ноҳия, бошандагони “Хона-интернати бемориҳои руҳӣ”-ро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 табрику муборакбод намуданд.
Дар идомаи боздид , Юлдошзода Олимбек ба роҳбарияти муассиса масълаҳои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, назорати вазъи саломатии беморон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба бошандагони хона-интернат дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.