РИОЯИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Баҳри иҷрои бемайлони дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло санаи 20 майи соли 2026 аз ҷониби прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Давлатзода Ҳусейн Ҳамид дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқоту вохурӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек машварати корӣ оид ба волоияти қонун таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҳамагуна чинояткорӣ, бахусус ҷинояткории ноболиғон, терроризму экстремизм, маводи мухаддир, риояи қонунгузории замин, ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ, танзими ҷашну маросим, маъсулият барои таълиму тарбияи кӯдак, кам намудани қарзи истифодаи қувваи барқ, оби полезиву нушокӣ ва коҳиш додани бақияи қарзи андоз доир гардид.

Ҳамчунин дар маҷлис муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини соҳаи маориф, тандурустӣ, барқ, инчунин роҳбарони як қатор корхона ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Давлатзода Ҳусейн Ҳамид ибрози ақида намуд, ки ҳар як фарди бошуури ҷомеа вазифадор аст, ки баҳри амалигардонии волоияти қонун, дар ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бо риояи бечунучарои талаботи қонунҳои амалкунанда саҳми арзандаи худро гузорад.

Прокурори вилоят натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сатҳи ҷинояткориро дар семоҳаи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор дод.Прокурори вилояти Суғд дар баромади хеш изҳор кард, ки волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ пояи устувори истиқлолияти давлатӣ буда, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, бахусус дар байни ҷавонон, аз мавзуъҳои мубрами рӯз маҳсуб ёфта бояд, ки ҳамагон ба масъалаҳои мазкур таваҷҷухи ҳамешагӣ дошта бошанд.Иштирокчиёни вохурӣ дар робита ба мавзӯи таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолона иштирок намуда, андешаҳои худро ҷиҳати пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ озодона иброз доштанд.

Чорабинии мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии аҳолӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб ҷамъбаст гардид.

Ҳамчунин аз иштирокчиёни вохӯриҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани талаботи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маъсулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” чораҳои бетаъхир андешида шавад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бори дигар изҳор карда шуд, ки дар шароити кунунӣ ҳар як фарди солими ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки барои дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тарбия кардани фарзандони худ, яъне наврасону ҷавонон, инчунин сазовор истиқбол гирифтани таҷлили 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҳамеша саъю талош варзанд.

Бо туфайли заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мардуми кишвари азизамон аз ҷумла сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дар фазои сулҳу оромӣ, зиндагии осоишта доранд. Сокинони ноҳия ба қадру қимати ҳадяи таърих яъне, истиқлол ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва мунтазам дар рушди ватани азизамон саҳми босазои худро мегузоранд – иброз намуданд Раиси ноҳия.

Маҷлиси машваратӣ дар як фазои сулҳу оромӣ баргузор гардид.