РОҲҲОИ ОБОД – ОМИЛИ РУШДИ ДЕҲОТ! – омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 19 июни соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сомониён дар мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи Қузибобо Холмуродов иштирок намуда, бо сокинони деҳа суҳбати самимӣ доир карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки кӯчаи ба номи Қузибобо Холмуродови Ҷамоати деҳоти Сомониён ба масофаи зиёда аз 2 километр мумфарш мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Қузибобо Холмуродови Ҷамоати деҳоти Сомониён бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва сокинони деҳа ба роҳ монда шудааст.

Зимни суҳбат бо сокинони маҳал Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек аз пешрафти корҳои ободию созандагӣ дар қаламравӣ Ватани азизамон Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иброзӣ ақида карда, барои дар маҳал тадбиқ намудани ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Сокинони деҳа изҳор карданд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишварро ҳама вақт эҳсос менамоянд ва баҳри амали кардани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як маҳал ва деҳаву кӯчаҳои худ саҳми босазо мегузоранд.