Саҳми вакилон “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”

image_pdfimage_print

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманд ва татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи Иди саиди Фитр корҳои хайриявӣ ҷиҳати расонидани кумакҳои идона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад. Дастгирии қисмҳои осебразири ҷомеа ба хусус маъюбону эҳтиёҷмандон дар фазои идона аз ҷониби вакилони мардумӣ, ки ҳизби пешоҳанги ҷомеа, ҳизби воқеан мардумӣ онҳоро зери шиори Барномаи пешазинтихоботии худ “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” баҳри садоқатмандона хизмат намудан ба халқу миллат пешбарӣ намудааст, дар доираи идҳои давлатию миллӣ ҳамеша аз худ ташаббуси саховатмандӣ нишон медиҳанд. Бо мақсадҳои нек вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва тибқи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати шашум, раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба оилаҳои маъюбу ниёзманди дар ҳудуди ҳавзаашон бо маводҳои хӯрока ва кӯмакпулиҳои яквақтаина аёдат намуданд ва ин кори хайру савоб аз ҷониби вакилон идома дорад.