Санаи 29 январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия доир шуд.

image_pdfimage_print

Санаи 29 январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ таъкид кард, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 Комил Салимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов озод гардида, Қудратзода Тоҳир Толибӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Қудратзода Тоҳир Толибӣ соли 1979 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, баъд аз хатми донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода барои фаъолияти пурсамараш ба Комил Салимзода изҳори сипос намуда, ба Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно кард. Раиси вилоят ҳамзамон вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро таҳлил намуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, густариши корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон ва дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ба роҳбарияти ноҳия дастуру супоришҳо дод.