Санаи 30-уми январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2019 доир гардид.

image_pdfimage_print

Санаи 30-уми январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли 2019 доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, намояндагони рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”-Ҷовиди Аштӣ, “Ҳафтаномаи Тоҷикистон”-Фарзона Муродӣ, “Ҳақиқати Суғд” -Шаҳрибону Олимова, “Халқ овози”-Урунбой Усмон, маҷаллаи “Кайҳон”-Раънои Муҳаммад, “Азия Плюс”-Мадина Поччоева, “Нилуфар”-Робия Розиқова, инчунин намояндагони рӯзномаҳои “Суғд ҳақиқати”, “Маънавият”, “Согдийская правда”, “Ховар”, “Қадрият”, кормандони телевизионҳои “Сафина”- Фаррух Усмонов, “СМ1”- Мафтуна Шукурова, “Радиои замон”- Ҷураев А., инчунин намояндагони рӯзномаҳои ноҳиявии “Иқбол”-Набиев Азиз, “Омӯзгор ва хонанда”- Неъмати Набӣ иштирок намуданд.
Нишасти матбуотӣ ба тариқи саволу ҷавоб ва ҳамчун суҳбати озод доир гардид. Рӯзноманигорон ба саволҳои худ, ки оид ба масъалаҳои асосии мубрами рӯз, яъне дар бораи иҷрои андоз, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъмини пардохти маблағи об, сохтмони иншоотҳо, биноҳо, вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳоҷагиҳои кишоварзӣ, истифодаи барқ, ҷавонон, варзиш, оила, рафти корҳои ободонӣ, робита бо соҳибкорон, ривоҷи чорводорӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ буд, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Нишасти матбуотӣ дар руҳияи баланди сиёсӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид.