САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ! – Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек сарбозону афсаронро ба ифтихори 28 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд

image_pdfimage_print

«Ҷашни Ваҳдати миллӣ – рамзи сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Шукуфоии Ватан буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ҳомиёни содиқи Ватан ва дар доираи таҷлили санаҳои муҳими давлатӣ, бахшида ба 28 – умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ санаи 28 июни соли 2025 Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек ба дидбонгоҳи сарҳадии №0214 Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Гулхона ташриф оварданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек сарбозону афсаронро ба муносибати 28 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ қудратманд гардида, ба нерӯи бузург ва такягоҳи ҷомеа мубаддал шудааст.
Таъкид карда шуд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ маҳз бо ҷонфидоии ин қишри далери ҷомеа таъмин гардидааст.
Рӯзи Ваҳдати Миллӣ яке аз рӯйдодҳои тақдирсоз ва пурифтихори таърихи навини давлати тоҷикон маҳсуб меёбад. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати сарбаланди тоҷик аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳида, дар фазои сулҳу субот роҳи созандагӣ ва ободкориро пеш гирифт.
Пешвои миллат бо азму матонати қавӣ, иродаи шикастнопазир ва муҳаббати самимӣ ба миллат тавонистанд мардуми парешонгаштаву ноумедгаштаамонро муттаҳид созанд ва ба сӯи ваҳдату якпорчагӣ раҳнамоӣ намоянд.
Имрӯз мо самараи он талошҳоро дар ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз — аз бунёди роҳҳо, мактабҳову бемористонҳо то суботи сиёсӣ ва болоравии маънавиёти миллӣ, бо чашми сар мебинем.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ фароҳам оварда шуда, дар оянда низ ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва такмили пояҳои моддиву техникии қисмҳои низомӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Мо бояд шукрона кунем, ки дар чунин фазои ором ва муттаҳид зиндагӣ мекунем. Ҳифзи ин ваҳдати муқаддас, арҷгузорӣ ба хиради таърихӣ ва пос доштани сулҳу субот вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди соҳибнангу номуси Тоҷикистон аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад».
Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассирро дорад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт.
Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Баъди имзои Созишномаи умумии пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав сурат гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба истиқболи мардум ба шаҳри Душанбе омаданд.
Ин санаи муқаддаси таърихӣ барои сокинони кишвари мо оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ, умед бахшидан ба ояндаи дурахшон ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоишта буда, ҳамчун наҷотбахши миллат дар таърихи навини давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар арафаи таҷлили ҷашни фархундаи 28 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бошандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов, чун тамоми мардуми азизи кишвар вазифаю масъулиятамонро дар назди ҷомеа хуб дарк намуда, ҷашнҳои фархундаи миллатро ҳамчун муқаддастарин дастоварди таърихи навини худ бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоем – иброз доштанд Раиси ноҳия.
Сипас, ба ифтихори ин рӯйдоди муҳими ватандӯстона дастархони идона ороста шуд, ки ин нишони равшани таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити зиндагӣ ва руҳияи хизматии сарбозону афсарон унвон хоҳад шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва ташаббусҳои хирадмандонаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тадбирҳои зарурӣ мунтазам андешида мешаванд.