Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сарсабзиву ободӣ, вусъат бахшидани корҳои созандагиву кабудизоркунӣ, ҳифзи табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим ва ҷиҳати иҷрои ин дастур ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода санаи 28 феврали соли 2026 дар шоҳроҳи Деҳмой – Конибодом бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамин гуна ҳашари ниҳолшинонӣ имрӯз дар ҳамаи Ҷамоату шаҳраку деҳаҳои ноҳия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва сокинони маҳалҳо баргузор гардида, тадбири мазкур минбаъд низ идома хоҳад шуд.





