ШАХСОНИ НИЁЗМАНД ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД – АЁДАТИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ГУЛХОНА БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 26 майи соли 2026 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар Ҷамоати деҳоти Гулхона бахшида ба Иди саиди Қурбон шахсони эҳтиёҷманд ва пиронсолон аёдат гардида, аз номи Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода табрик намуда, ҳамчун туҳфа кӯмакпулии яквақтаина тақдим гардид.