Ободонии Ватан – солимии ҷомеа

image_pdfimage_print

Баҳри таъмини саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ дар тамоми такшилоту муассисаҳо шанбегии умуминоҳиявӣ муташаккилона гузаронида шуд.Санаи 29-уми майи соли равон дар чорабинии ободониву тамизкорӣ сокинону фаъолони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, омӯзгорон ва мураббиёни муассисаҳои таълимию томактабӣ, табибону ҳамшираҳои тиббӣ ширкати фаъолона варзиданд. Фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар оянда низ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва ташвиқу тарғиби зебоипарастӣ байни аҳолии ноҳия аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар пешрафти корҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.