Шиносоӣ аз рафти парвариши сабзавотҳои барвақтӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Темурҷон»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо рафти парвариши сабзавоти барвақтӣ шинос шуд. Дар хоҷаги аз рӯи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Кишоварзон дар майдони 4.5 га замин парвариши сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда ҳама намуди сабзавоти барвақтӣ карам, картошка, помидор бодиринг, сирпиёз, шалғам кишт намудаанд. Дар натиҷаи таҷрибаҳои солҳои тӯлонӣ ба даст омада имрӯз деҳқонон кишти сабзавоти барвақтиро аз руи агротехникаи муосир ба роҳ монда парвариши намудҳои гуногуни сабзавотро мувофиқи мақсад ба роҳ мондаанд. То имрӯз ҳосили бодиринг ва сирпиёзро ҷамъовари намуда ба фурӯш бароварданд. Алҳол ҳосили карам ва картошкаи баҳорӣ омодаи ғунучин аст. Роҳбари хоҷагии деҳқони Азамат Алиев 25 сол бо парвариш сабзавот машғул аст. Ба гуфти ӯ муносибат бо замин асоси фаровонҳосили мебошад. Саривақт шудгор кардан, яхобмонӣ ва бо поруи маҳалли бой гардондани таркиби хок омили асоси ба шумор рафта ба нашъу намои хуби зироат мусоидат менамояд. Ҳоло деҳқонон ба ҷои майдонҳои холи шуда дубора бодиринг кишт намуда истодаанд. Ҳамчунин бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва дар як сол рӯёнидани се ҳосил кушиш намуда ҷуворӣ, харбузаву тарбуз ва лубиёгиҳоро низ ба роҳ мондаанд.Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истифодаи самараноки замин дар хоҷагии мазкур баҳои баланд дода баён дошт, ки бояд ҳар як соҳибзамин ба монанди ин деҳқонони асил корбарӣ ва муносибат бо заминро ҷори намуда баҳри таъмин бозор ва фаровонии дастурхони сокинони кишвар саҳмгузор бошанд. Роҳбари вилоят меҳнати деҳқонони заҳматкаши хоҷагии деҳқонии «Темурҷон»-ро бо тӯҳфаҳои хотирави қадрдонӣ намуд.