Шиносоӣ бо вазъи ҷамъоварии пахта ва фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта

Дар идомаи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзоён Нодир Рамазонӣ муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳия аз наздик шинос гардиданд.
Дар рафти шиносоӣ барои қабулу коркарди пурраи пахта ба роҳбарияти ҶДММ “Шамс – 777” тавсияҳо доданд.