Тақдими ду адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ба Мауссисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия оид ба сифати хизматрасонии тибби оилавӣ дар давраҳои гуногун ба муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ аст, ду адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ муҷҷаҳазгардида тақдим карда шуд, ки рӯз аз рӯз таъминоти соҳа бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ бештар гардида истодааст. Табибони муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ин иқдом ва дастгирии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон сарафроз гардида, масъулияти бар дӯшашон бударо ба хубӣ эҳсос намуда, тасмим гирифтанд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаҷониба тамоми донишу малака ва саъю кӯшиши хешро равон намоянд ва минбаъд ҳам бо касби хеш ба аҳолӣ содиқона хизмат кунанд.Ҳамчунин роҳбарияти кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз дастгириҳои пайваста ба соҳаи тиб миннатдории самимии худро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири тандурустӣ ва ҳафзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баён менамоянд.