Таҷлили Иди Наврӯз дар деҳоти ноҳия

image_pdfimage_print

Дар доираи сафари кории роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукуҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил карда шуд.Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Накҳатзода Ҳокимбек иштирок дошта, ба саҳми ҳозирин табрикотҳои Наврӯзиро расониданд.Пас аз табрикот баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди сиёсӣ ва дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ доир гардид.Инчунин чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тибҷи анъанаҳои миллӣ баргузор гардида истодааст.