Таҷлили Иди Саиди Қурбон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Субҳи санаи 20 июли соли 2021 раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба масҷиди марказии ба номи “Нури Ислом”-и Ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳия ташриф оварда, кулли сокинони Ҷамоати шаҳраки Меҳрободро ба муносибати Иди саиди Қурбон табрик намуданд.Зимни ироаи паёми табрикии худ раиси ноҳия иброз дошт, ки Иди Қурбон дар худ арзишҳоеро таҷассум менамояд, ки онҳо ифодакунандаи фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳар фарди доро ба вазъи зиндагии эҳтиёҷмандон, кӯмаку дастгирии онҳо ва дароз кардани дасти муҳаббату бародарӣ заминаи ҳаётӣ мебошанд.Дар арафаи ин иди суннатӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти пуштибонии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода чандин оилаҳои камбизоат, беморону барҷомондагон, ятимон ва хонаҳои пиронсолонро аёдат намуд. Дар ин рӯзи Саид изҳори умедворӣ менамоям, ки мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов бо пайравӣ аз арзишҳои олии динӣ ва миллӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди иҷтимоии ноҳия саҳм гузошта, рӯ ба илму маърифат, донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ меоранд, бо комёбиҳои тоза ноҳияро машҳур месозанд ва дар истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободонию пешрафти ноҳияи азизамон хизмати арзанда истиқбол мегиранд..Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба сухан баромада табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид.