“Аҷдоди фарҳангиву тамаддунсози мо тавонистаанд, ки ҷашни Наврӯз ва расму ойинҳои онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонанд. “Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ
Ба ифтихори ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва сокинони деҳаи мазкур тантанаи бошукуҳи идона ва барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин дар саҳни тарабхонаи “Иноят” – и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, маҳсули кишоварзӣ, таъомҳои милливу либосҳои тоҷикона, бозиҳои варзишӣ ва расму оини маҳаллии сокинони деҳаи Гулистон ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Сараввал, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба кулли сокинони маҳаллаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз шодбош гуфтанд ва аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақоми байналмилалӣ пайдо намудани ҷашни фархундаи Наврӯз ёдовар гардид.
Қайд гардид, ки воқеан Истиқлоли Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки заминаи ваҳдати миллӣ барпо ва устувор гашта, урфу одат, расму ойини миллии ниёгон ва арзишҳои муқаддаси аҷдодиамон дар симои Наврӯз дубора эҳё гашта, ба тамоми оламиён муаррифӣ ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Дар идома аз ҷониби кӯдакони деҳа барномаи зебои идона, ки ба ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба чорабинии ҷашнӣ ҳусну таровати тоза зам намуд.Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек тантанаҳои наврӯзӣ дар фазои оромӣ, ваҳдат ва хурсандӣ идома доранд.





