Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Санаи 22 майи соли 2021 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов чорабинии идона ва роҳпаймои бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар назди қасри фарҳанги “Гулситон”-и ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, роҳбарони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ҷавонони фаъоли ноҳия доир гардид.Қудратзода Тоҳир Толибӣ зимни суханронӣ ҷавонони ноҳияро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо саломативу саодатмандии рўзгор, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек муваффақиятҳои беназир таманно кард.Зикр гардид, ки “Воқеан, ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон нақш ва мавқеи басо муҳимро касб карданд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон, таъмин намудан ба ҷойҳои нави корӣ, донистани илмҳои технологияи коммуникатсионӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри пешрафти диёри азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Ҷавононро мебояд аз ин имкони хуб истифода намоянд.Имрӯз барои ҷавонони хушбахт дар кишвар ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Бахусус, дари муассисаҳои илмӣ ба рӯйи ҷавонон бозанд. Миллат аз ҷавонон интизори кушоишҳои илмист ва танҳо доштани дониши хубу замонавӣ метавонад дари фатҳу кушоишҳои илмиро боз кунад”. Ҳамзамон, аз тарафи раиси ноҳия ба якчанд нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Бахши фарҳанг ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ – фароғатӣ пешниҳод гардид ва ҷавонон дар фазои орому осуда хурсандӣ намуданд.