Санаи 7 марти соли 2024 дар Қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии идона доир гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин, роҳбарони соҳаи ҳтфзи ҳуқуқ, роҳбарону ташкилоту корхонаҳо, бонувону модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногун ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд.
Дар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек баромад намуда, ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ -“Наврӯз” таҷлил мегардад, ба тамоми модарону бонувон саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки – Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баландтар бардошта шавад. Занони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар радифи дигар занҳои фаъоли Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд.
Мо бояд, модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри хутфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем. Чунки, зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд, тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад. Вале барои ҳар як инсон зан, пеш аз ҳама модар аст ва бузургии ӯ бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст.”
Баъдан, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин номаи табрикии Раиси вилояти Суғд мухтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саҳми бонувон расонид. Зикр шуд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.
“Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд”.
Дар чорабинӣ аз ҷониби ҳунарманди шинохта ва бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи бошукӯҳи идона ва рангини ҳунарӣ дар васфи Зан – Модар пешкаши занону бонувон гардонида шуд.



















