Таҷлили Рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 3 сентябри соли 2022 дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи супориши раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ муовини якуми раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек бахшида ба 27 – умин солгарди таъсисёбии Гвардияии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ҳайати Гвардияи миллиро бо фарорасии иди касбиашон ва бо муносибати 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, қайд гардид, ки 17 январи соли 1995 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №155 Гвардияи президентӣ таъсис дода шуда, солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон афсарону сарбозони он дар баробари дигар кормандони сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, қонуният, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. Имрӯз ҳайати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳорату малакаи баланди касбӣ ва интизоми ҳарбии намунавӣ дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои даврони Истиқлолият меҳнати софдилона адо намуда истодаанд. Ҳамаи Шумо аз вазъи ҳарбиву сиёсии ҷаҳони муосир ва минтақа хуб огоҳ ҳастед. Дар шароите, ки сокинони сайёра ва минтақаҳои алоҳидаи он таҳти таъсири гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро, радикализми динӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз ҷумла қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва ҷиноятҳои дигар торафт ноором шуда истодааст, ҳар як хизматчии ҳарбӣ вазифадор аст, ки барои ҳимояи Ватан, амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёру омода бошад.Шумо хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон қимматтарин сарвати худ-ҳимояи истиқлолу озодӣ, манфиатҳои Ватани аҷдодӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва осудагии ҳар як хонадонро ба зиммаи шумо вогузор кардаанд. Мо ба нангу номуси ватандорӣ ва ғайрату мардонагии шумо эътимоди комил дорем боварӣ дорем, ки минбаъд низ аз ӯҳдаи рисолати пурифтихори худ ва қарзи фарзанди хеш дар назди Ватан ва халқи тоҷик сарбаландона мебароед. – иброз дошт муовини якуми раиси Юлдошзода Олимбек.Ҳамчунин Юлдошзода Олимбек табрикоти раиси ноҳияро ба муносибати таъсисёбии Рӯзи Гвардияии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, ба сарбозон сулҳу суботи комил ва осмони софро орзу намуд.Дар охири ҷамъомади мазкур муовини якуми раиси ноҳия аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов барои шахсони фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилонаю содиқона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва бахшида ба 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 – умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд афсарону сарбозонро бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.