Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба 75-солагии Иди Ғалаба

image_pdfimage_print

Ҳамватанони азиз!

         Ҳамаи Шуморо ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод менамоям.  

         Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ гиромӣ аст. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азизамон Иди Ғалаба бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот дар партави сиёсати одилона ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шахомати хоса таҷлил гардида истодааст.

         Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ ва иттиҳоди халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст.

         Мусаллам аст, ки бе муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад. Тимсоли ин гуна дӯстӣ ва садоқатро мо дар мисоли падарон ва бобоёни шуҷоатманди худ мебинем, ки корнамоиҳо ба хотири Ватан дар ёди наслҳои оянда абадан мемонанд. Торумор гардидани Германияи фашистӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмарди тоҷик дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фуруд меорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда медорем.

         Имрӯз ба тамоми собиқадорони ҷанг, ки баъд аз Ғалаба ҳам дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат намуда, ҳоло давлати пирӣ меронанд изҳори сипоси бепоён менамоям.

         Бояд зикр кард, ки хизматҳои шоён, фидокорӣ ва қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард ва ҳифзи иҷтимоии онҳо, қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалй Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад.

         Махсусан, барои баланд бардоштани нафақа, фароҳам овардани шароити истироҳату табобат ва умуман беҳдошти зиндагии онҳо як силсила тадбирҳо андешида шуданд.

         Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ баҳри ба ҷо овардани эҳтиром ва расонидани кӯмаки беминнат ба иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмонда, заҳматкашони ақибгоҳи давраи ҷанг ва зарардидагони садамаи Неругоҳи барқии атомии Чернобил  як қатор корҳои амалиро ба сомон расонида истодааст.

         Итминони комил дорем, ки собиқадорони ҷангу меҳнат бо истифода аз таҷриба, малакаю маҳорат ва бо панду насиҳатҳои судманди худ ба наслҳои имрӯза роҳбалад шуда, барои устувор намудани аркони давлатдорӣ ва густариши ифтихори милливу хештаншиносӣ ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

         Бо ҳамин ниятҳои нек шумо – пирони барнодил, собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми шарафманди ноҳияро ба ифтихори 75-солагии Ғалабаи бузург табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, умри дарози бобаракат ва сулҳу оромии ҳамешагиро  орзу менамоям.

         Бигзор сулҳу амният дар Ватани азизи мо ва дар саросари олам пояндаву ҷовидон бошад!Саломат бошед!