Тоҷикон ҳамеша ҷонибдори сулҳ ҳастанд

image_pdfimage_print

Чанде пештар муноқишаи сарҳади байни неруҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва сокинони ҷамоатҳои назди сарҳадӣ, ки умр ба сар мебаранд баргузор гардид.
Инҷо аҳлии мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда, зери як роҳбар сарҷам буданаш бори дигар исботи худро ёфт.
Миллати тоҷик миллати таҳаммулпазир аст. Ҳеч вақт ба ҳамсояи худ бадиро раво намебинад, кӯшиш мекунад, ки бо ҳамсоягони худ иттифоқона умр ба сар барад.
Мутассифона аз ҷониби ҳамсоягони қирғиз, ки қадри ҳамсоягии худашонро надониста муносибатҳои ҷагҷӯёнаро пеша намуда ба муқобили Тоҷикистон амалҳои таҷовузкорона содир намуданд.Бо сабаби рафторҳои ноҷавонмардонаи аскарони Қирғизистон баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистон якчанд нафар сарбозони тоҷик ҷон бохтанд.
Санаи 19 октябри соли 2022 дар расонаи хабарии Амид Ховар изҳороти раёсати Қушунҳои сарҳади Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро хонда хеле нороҳат шудем.
Дар он ҷо қайд гардидааст, ки аз ҷониби қирғизҳо ба созишномае, ки дар Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022 дарҷ гардидааст риоя наменамоянд. Аз тарафи бархе аз бародарони қирғиз ҳаракатҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон шуда истодааст.
Мо мардуми Тоҷикистон ҳамавақт дар ҳар давру замон ҷонибдори сулҳ будем ва ҳастем.
Аз бародарони қирғиз даъват ба амал меорем, ки аз ҳаргуна ҳаркатҳои иғвоҷӯёна даст кашида, бандҳои протоколи №42 аз25 сентябри соли ҷорӣ ба имзо расида буд, риоя намоянд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расуло
в