Ваҳдат дастоварди беназир ва падидаи таърихиест, ки инсоният барои анҷом додани корҳои хубу хотирмон дар марҳилаҳои гуногуни таърихиву ҷамъиятӣ онро сармашқи фаъолияти гуногунҷанбаи хеш қарор дода, ба натиҷаҳои дилхоҳ расидааст.
Ваҳдат рамзи тинҷиву оромӣ, хушнудиву хушбахтӣ, сулҳу суботи тамоми мардуми тоҷику Тоҷикистониён мебошад.Таҷлили Рӯзи Ваҳдат чун як санаи сарнавиштсози миллату давлат сабақи таърихиест, ки наслҳои имрӯзу дирӯз бояд онро ҳифз кунанду аз он пуштибонӣ намоянд. Ваҳдати миллӣ эҳёи руҳияи миллати тоҷик аст, зеро маҳз ба даст овардани Ваҳдат орзуи деринаи мардуми тоҷик буд ва имрӯз миллати точик аз боғи Ваҳдат гулҳои мурод мечинад.
Албатта, дар ин меҳвар сиёсати оқилонаву ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму нерӯ бахшида истода, марҳила ба марҳила дастовардҳо афзуну зиёда мегарданд.
Дар чунин замина, санаи 26 июни соли 2025 дар Қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ифтихори 28 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек чорабинии тантанавӣ таҷлил гардид.Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, теъдоди зиёди сокинон ва меҳмонони ноҳияи Ҷаббор Расулов ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек ҳозиринро ба муносибати ҷашни 28 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, зимни баромади худ изҳор доштанд:Дар эҳёи сулҳи тоҷикон, бунёд ва ташаккули давлати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, зеро талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат неъмати сулҳу ваҳдати комилро барои мардуми тоҷик эҳдо намуданд.
Шоистаи таъкид аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар остонаи ҷашни бошукуҳи 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.Зикр кардан бамаврид аст, ки сокинони ноҳия дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил мешаванд ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар оянда низ вусъати тоза мегиранд.Ваҳдат – ҳастии миллат ва пояи давлат аст.
Ҳар давлату миллате, ки Ваҳдати миллиро ба даст меорад, метавонад ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ пешрафт кунад ва мардумаш низ осуда зиндагӣ кунанд. Шукр аз он мекунем, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ду ҷашни бузурги гаронарзиш, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ба даст омадааст, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон сулҳу амонӣ танинандоз аст.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад. Раиси ноҳия дар идомаи баромади хеш аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда таъкид намуданд, ки воқеан, дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва дар як муддати кӯтоҳ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.
Давлат дар ҳоли парокандагӣ ва миллат дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз шахсияти таърихӣ ва парчамбардори рисолати бузурги ватансозӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиммаи роҳбариро ба душ гирифта, ба низоми давлатдории муосир асос гузоштанд.
Ба ҳар як ташаббусе, ки иқдом гирифтанд, дар сатҳи ҷаҳон пазируфта шуданд. Ҳадафҳои олии ватансозиашон тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор карда, мардуми мамлакатро ба шоҳроҳи рушду шукуфоӣ ҳидоят намуданд.
Аз ҳамин ҷост, мо ҳама якдилу як маромему баҳри Ваҳдату якпорчагӣ, ободиву оромӣ ва гулгулшукуфоии Ватани худ пайваста бо меҳнати босуботу ғайрати дучанд саҳми арзандаи хешро гузорем, зеро Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқоти хеш иброз менамоянд: “Мо набояд фаромӯш созем, ки сулҳу Ваҳдат миллати моро аз парокандагӣ наҷот дода, давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт».
Ҳамзамон, номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек ба самъи ҳозирин расонид.Зикр гардид, ки санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-июни соли 1997 яке аз муҳимтарин рӯйдоди таърихи муосири Тоҷикистон ва оғози марҳалаи сифатан нави рушди миллат ва кишвар маҳсуб меёбад. Ҳамасола, дар саросари кишвари маҳбубамон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд:«Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад».Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассирро дорад.
Сипас, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек барои дастгирӣ ва ёрии бевоситаи кормандони соҳаи маориф, азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъмини мактабҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ва иштироки фаъолона дар беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии муаллимону мураббиён бо нишони “Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар асоси Фармони сардори отряди сарҳадии Бобоҷон Ғафуров аз 26 июни соли 2025, №455 баҳри саҳми арзанда гузоштанд дар ҳифзи марзу буми кишвар бо Медали Аълочии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои хизматҳои шоиста ва намунавӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳудуди ноҳия аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба мақомоти прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов туҳфаи Пешвои муаззами миллат – нақлиёти хизматӣ тақдим гардид.
Инчунин барои ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда гузоштанд дар ҳифзи буми кишвар тибқи Фармони сардори отряди сарҳадии Бобоҷон Ғафуров аз 26 июни соли 2025, №455 Алихонзода Маҳмуд Алихон – сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Ҷумазода Ҷонибек – сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо Медали Аълочии Қушунҳои сарҳадӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон мутобиқи Фармони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2025, №86 Эмомов Муҳаммадшо бо медали ҷашнии 25-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Шокирова Нилуфар Ҳасановна – мудири мактаб – кӯдакистони ноҳия ва Низомиддинов Ҷамолиддин – омӯзгори мактаб – кӯдакистони ноҳияи Ҷаббор Расулов сарфароз гардонида шуданд.
Баъдан, аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек як чанд нафар фаъолони ноҳия барои иштирок ва саҳми арзанда дар ободонию бунёдкорӣ, таҳкими худшиносиву меҳанпарастӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷом, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд, ки он тараннумгари сулҳу дӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва сарзамини аҷдодӣ буд, барномаи мутантанро ҳусни анҷом бахшида, табъи иштирокчиёнро болида гардонид.
