Ваксинатсия ягона роҳи пешгирӣ аз COVID-19
Тавре мутахассисони соҳаи тандурустӣ таъкид мекунанд, ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур мебошад. Бо назардошти ин санаи 5 августи соли 2021 тибқи супориши раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар бозори марказии ноҳия ҶДММ “Ашроф” таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад ва роҳбарони муассисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ваксинатсия гузаронидани соҳибкорони бозори марказии ноҳия ҶДММ “Ашроф” нуқтаи тиббӣ ташкил гардид. То ҳол беш аз 100 нафар соҳибкорони бозори мазкур ваксина гирифта, фарогирӣ ба ваксина дар нуқтаи мазкур идома дорад.Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинони ноҳия бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин бемориро гирифта истодаанд. Бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар мамлакат идома дорад.Танҳо бо гирифтани ваксина ҳар яки мо метавонем худ ва наздиконамонро аз сироят ёфтан ба бемории мазкур эмин нигоҳ дорем.



