ВАРЗИШ – ҚОСИДИ СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ! – таҷлили “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
«Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад».
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 10 августи соли 2025 дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ва варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳаи варзиш чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар доираи “Рӯзи варзишгарон” Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек қабл аз оғози тантанаҳои идона аз дастовардҳои варзишгарон дидан карданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо мураббиён ва варзишгарон роҳбари ноҳия ҷиҳати иштироки бештар дар мусобиқаву чорабиниҳои гуногунсатҳ дастуру тавсияҳо доданд.
Сипас, Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек зимни ироаи паёми табрикии хеш варзишгарон, мураббиён, собиқадорони варзиш ва парчамбардорони Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” табрику таҳният намуданд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонони варзишгарон тамоми тадбиру иқдоми зарурӣ ба роҳ монда мешавад.
Баргузории мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони мамлакат, таҷдид, бунёд ва азнавсозии маҷмааву варзишгоҳҳо дар марказҳои шаҳру навоҳии кишвар, таъсис додани ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қадршиносии варзишгарони беҳтарини кишвар, эҳёи намудҳои варзиши миллӣ далел аз дастгирии Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти давлат нисбат ба соҳаи варзиш аст.Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд:
«Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».
Бояд қайд намуд, ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва насли ояндасози миллат ба ҳисоб рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи хоса қарор дорад.
Шумораи умумии варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов 2747 нафар мебошад. Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия варзишгарон аз рӯи 14 намуди варзиш (аз ҷумла гӯштингирӣ, футбол, баскетбол, гӯштини тарзи озод, кикбоксинг вако, шашка ва шоҳмот, бокс, тӯби дастӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштини дзюдо, волейбол, варзиши сабук, гӯштини камарбандӣ, тениси рӯйи мизӣ) машқу тамрин мекунанд.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ҳудуди ноҳия 85 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 27 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 51 майдончаи варзишӣ ва 5 мактаби варзишӣ фаъолият намуда истодааст.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 3 адад майдончаи варзишӣ ва 1 адад толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.
То ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2025 нақша дорем боз 3 адад майдончаҳои варзишӣ ва 3 адад толорҳои варзишӣ, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ рафта истодааст, рӯзҳои наздик ба истифода диҳем.Ҳамзамон, дар ноҳия Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини коҳи варзишии Ланглиф” фаъолият намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш, тайёр намудани варзишгарони болаёқат, 20 нафар мураббиён ва 580 нафар варзишгарон фаъолият карда истодаанд.
Дар давраи нимсолаи аввали соли 2025 варзишгарони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори ноҳияро баланд бардошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, ки дар маҷмуъ 467 адад медал, аз ҷумла 170 медали тилло, 129 адад медали нуқра ва 168 адад медали биринҷиро мушарраф гардидаанд.
Бо ба забон овардани номи варзишгарони ноҳия ба монанди Усто Устопиров, Комроншоҳ Устопириён, Фаридун Одилов, Ҳамроз Раҷабов, Меҳрзод Суфиев, Фирдавс Раззоқов, Некбахтзода Некрӯзшоҳ, Сайфиддинзода Сайфиддин, Содиқова Дилафрӯз, Мирраҳимова Фирӯза ва чанде дигарон аз намудҳои варзиш боиси ифтихори мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки минбаъд низ варзишгарони ноҳия барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи ноҳияи Ҷаббор Расуловро шоиста муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар фарҷом як қатор варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳа аз ҷониби Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов сарфароз гардонида шуданд.








