Санаи 16 январи соли 2026 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Юлдошзода Олимбек бо сокинони ноҳия баргузор гардид.
Вохӯрӣ дар фазои озоду созанда сурат гирифта, ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, вазифаҳои афзалиятноки соли 2026 ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Зимни баромади худ Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки тибқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст.
Ин иқдоми муҳим ба таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, боло бурдани обрӯ ва нуфузи давлату миллат ва ноил шудан ба ҳадафҳои созандаи миллӣ равона шудааст.Зикр гардид, ки соли 2026 бо ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд ва ба ин муносибат дар тамоми кишвар корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ вусъати бесобиқа касб мекунанд.
Ба истифода додани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ барои рушди маҳалҳо, беҳтар гардидани инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.Раиси ноҳия сокинони шаҳракро даъват намуданд, ки ободониро аз оила ва маҳалли зист оғоз намуда, ҳар як шаҳрванд дар доираи имкониятҳои худ на танҳо дар пешрафти шаҳрак балки тамоми ҳудуди ноҳия саҳмгузор бошанд.
Таъкид шуд, ки ободии ҷомеа аз худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва ободии ҳар як оила маншаъ мегирад.Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Аз ҷумла, пешгирии хурофотпарастӣ, роҳ надодан ба хароҷоти беҳуда, ва аз вазифаҳои муҳими ҷомеа арзёбӣ шуд. Ҳамзамон тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, илмдӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ муҳим шуморида шуд.
Роҳбари ноҳия сокинонро ба омӯзиши илму дониш, соҳибмаърифат намудани фарзандон, рушди тафаккури ихтироъкорӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳидоят намуданд.
Инчунин ба рушди соҳаи кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти ҳунармандӣ, бахусус барои сайёҳон ва бозорҳои дохилӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Тақвияти корҳои эҳсонкорӣ, кӯмак ба ниёзмандон ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ҳамчун унсурҳои муҳими худшиносиву худогоҳии миллӣ арзёбӣ гардиданд.
Сокинони шаҳраки Меҳробод низ омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди маҳал ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ суҳбати озод миёни интихобкунандагон ва вакил баргузор гардида, сокинон ба Раиси ноҳия саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.





