Ятимон таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Санаи 31 декабри соли 2025 дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кӯдакони ятим ва ниёзманди ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек зимни сухани табрикотии худ кӯдаконро бо фарорасии Соли нав муборакбод гуфта, зикр намуданд, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятим ва қишрҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоистаи онҳо пайваста мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад.
Зикр карда шуд, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона на танҳо ба шодии кӯдакон мусоидат мекунанд, балки ҳисси меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва масъулияти иҷтимоиро дар ҷомеа таҳким мебахшанд. Дар идома ба кӯдакони ятим туҳфаҳои солинавӣ, шириниҳо, ва дигар маводи зарурӣ тақдим карда шуданд.
Кӯдакон ва намояндагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба роҳбарияти ноҳия барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипос намуда, чунин чорабиниҳоро нишонаи ғамхории воқеии давлату Ҳукумат арзёбӣ карданд.



