ЯТИМОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ПАЙВАСТАИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

image_pdfimage_print

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 декабри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2025 кӯдакони ятимони куллро табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек зикр намуданд, ки ятимону бепарасторон ҳамеша зери ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, шароити мусоид барои онҳо ҳама вақт таъмин карда мешавад ва ибрози назар карданд, ки онҳо ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дониши хубу ахлоқи намунавӣ таҳсил намуда, дар оянда барои Ватану миллат хизматҳои шоиста намоянд.
Ятимон бо як ҷаҳони хурсандӣ барои дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос баҳри пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо кору фаъолият менамоянд.