Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек бо мақсади шиносоӣ аз рафти ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо дар Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳия иштирок намуда, бо сокинони деҳа суҳбати самимӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи мумфаршшавандаи кӯчаи ба номи Абдуқаюм Шодиеви Ҷамоати деҳоти Гулхона зиёда аз 1 километр ва паҳнои он 5 метр мумфарш мегардад.Маврид ба зикр аст, ки корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Абдуқаюм Шодиеви Ҷамоати деҳоти Гулхона бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз ҷониби шахсони саховатпешаю сокинони деҳа ба роҳ монда шудааст.
Зимни суҳбати самимӣ Раиси ноҳия бо мардуми маҳал ва бунёдкорон, ба онҳо барои ташаббусҳои бунёдкорона ва дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишварро ҳама вақт эҳсос менамоянд ва баҳри амали кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як маҳал ва деҳаву кӯчаи худ саҳми худро мегузоранд.







