Таърихи Ноҳия

Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон аз 21 январи соли 1935 таъсис ёфтааст (то соли 1935 стансияи Драгомирово ва колхозҳои он ба ноҳияи Нов тааллуқ доштанд).

Президиуми Комитети Марказии Иҷроияи СССР бо қарори худ аз 17 сентябри соли 1935, №12 Қарори Комитети Марказии Иҷроияи РСС Тоҷикистонро дар хусуси ташкили ноҳияи Пролетарро тасдиқ кард. Номи маркази ноҳияи Пролетар – стансияи Драгомирово ба стансияи Пролетар тағйир дода шуд.

Комитети иҷроияи ноҳияи Пролетар талаб ва хоҳишҳои меҳнаткашонро ба инобат гирифта, бо қарори худ аз 12 июли соли 1993 ба ноҳия номи арбоби сиёсӣ ва давлатӣ Ҷаббор Расуловро гузошт. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони худ таклифи тағйир додани номи ноҳияи Пролетар ва ба он гузоштани номи Ҷаббор Расуловро маъқул донист. 

Масоҳати ноҳияи Ҷаббор Расулов 321,4 километри квадратӣ буда, 13,2 фоизи масоҳати вилояти Суғдро ташкил медиҳад. Ба таърихи 1 январи соли 2024 аҳолии ноҳия 148 ҳазору 775 нафар мебошад.

Ноҳия, ки 28 нуқтаи аҳолинишини муттаҳидро дар бар мегирад, аз 1 ҷамоати шаҳрак ва 5 ҷамоати деҳот иборат мебошад.

Шаҳраки Меҳробод (Пролетар) 15 майи соли 1933 ташкил ёфтааст. Масоҳаташ 3,3 километри квадрат,  аз 3220 хоҷагӣ иборат буда, дар он 16543 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд.

Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз соли 1924 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 55,3 кв.м. аз 7923 хоҷагӣ иборат буда, дар он 48765 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Ҷамоат аз деҳаҳои Ғӯлакандоз, Нурафзо, Бахтовар, Самиев ва Зархез иборат аст.

Ҷамоати деҳоти Гулхона соли 1933 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 73 кв.м. аз 4817 хоҷагӣ иборат буда, дар он 28882 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Ҷамоат аз деҳаҳои Гулхона, навбунёд, Тоҷикобод, Маданият, Селкан, Саричашма, Баҳор, Баҳористон, Дӯстӣ, А.Назаров ва Лолазор иборат аст.

Ҷамоати деҳоти Сомониён. Масоҳаташ 49,4 кв.м. аз 3197 хоҷагӣ иборат буда, дар он 19659 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Ҷамоат аз деҳаҳои Зарафшон ва Ӯзбекқишлоқ иборат аст.

Ҷамоати деҳоти Деҳмой соли 1958 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 30,2 кв.м. аз 3289 хоҷагӣ иборат буда, дар он 17643 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Ҷамоат аз деҳаҳои Деҳмой, Заркор ва Гулистон иборат аст.

Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав соли 1975 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 110,2 кв.м. аз 2425 хоҷагӣ иборат буда, дар он 17283 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Ҷамоат аз деҳаҳои Қӯрғонча, Меҳргон, Гулафшон, Хитой, Наврӯз, Кавсар ва Ҷавонӣ иборат аст.

Дар деҳотҳои ноҳия 87,4 фоизи аҳолӣ истиқомат менамоянд. Барои ҳамин ҳам хоҷагии қишлоқ аз соҳаи бузурги ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар ноҳия 16 то хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият мебаранд.