ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК» ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Санаи 7-уми ноябри соли 2024 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба “Рӯзи кормандони милитсия” ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро бо ҷашни касбӣ – Рӯзи кормандони милитсия табрику шодбош намуда, қайд кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан, дар заминаи сиёсати ватанпарварона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар аркони муҳими давлатӣ пояи милитсияи тоҷик низ мустаҳкам гардида, ин сохтор ба яке аз нерӯҳои пойдор ва нерӯманди таъмини суботу амнияти ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвари азизамон табдил ёфтааст.

Таъкид карда шуд, ки милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.

Сипас, сардори ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов подполковники милитсия Ҷумазода Ҷонибек баромад карда, қайд кард, ки ҳамасола таҷлил шудани Рӯзи кормандони милитсия шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар як кормандро водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор собиқадорон ва кормандони мақомоти милитсия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби Раиси ноҳия тӯҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як адад автомашинаи сабукрави хизматӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ба ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуд.Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд, ки табъи иштирокчиёнро болида гардонд.

Возможно, это изображение 5 человек и текст
Возможно, это изображение 5 человек
Возможно, это изображение 3 человека и помост
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текст
Возможно, это изображение 4 человека и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 4 человека и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 4 человека, помост и текст
Возможно, это изображение 3 человека
Возможно, это изображение 6 человек, помост и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 2 человека, помост и текст
Возможно, это изображение 10 человек и помост
Возможно, это изображение 12 человек и помост
Возможно, это изображение 8 человек и текст
Возможно, это изображение 8 человек