Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № АП-1677 “Дар бораи баргузории нишасти матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ” санаи 23 июли соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Ҳокимбек Накҳатзода иштирок карданд.
Инчунин, дар нишасти матбуотӣ муовини Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории ноҳия, намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорони вилоятӣ ва ноҳиявӣ ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.
Дар ибтидо, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 маълумот доданд.
Тавре зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолияташро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ мондааст.
Қайд карда шуд, ки мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвари азизамон аҳлона меҳнат намуда, дар давраи ҳисобии соли ҷорӣ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар ин росто, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар натиҷа, аксари нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия нисбат ба соли қаблӣ мусбат арзёбӣ гардида, рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда шуданд.
Баъдан намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, тадбирҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷинояткорӣ ва дигар масоили мубрам саволҳо пешниҳод карда аз ҷониби Раиси ноҳия ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ба аҳли қалам изҳори сипосмандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуда, намояндагони васоити ахбори оммаро ҷиҳати вусъати робита ва ҳамкории судманд баҳри муаррифии имконият ва бурду бохти ноҳия даъват ба амал оварда дар корҳои ояндаашон барору комёбиҳои бепоён изҳор карданд.









