Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов, Насли ояндасози кишвар!
Ҳамасола дар саросари мамлакат 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад, ки нишонаи таваҷҷуҳи хоси давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насли ҷавон ва эътирофи нақши муҳими онҳо дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Шумо – ҷавонони ояндасози мамлакат – ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барои татбиқи ташаббусҳои ояндаатон мувафақиятҳои навин таманно менамоям.
Сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ин нерӯи боэътимоди мамлакат дар меҳвари фаъолияти сиёсии Ҳукумати кишвар қарор дошта, ба як самти устувори давлатдорӣ табдил ёфтааст, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қайд карда шуд, ки: «Ҳукумати мамалакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Ҳукумати кишвар ғамхориро нисбат ба ҷавонону наврасон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя карда, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд, ҳамеша такя менамояд”
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат барои ҷалби ҷавонон ба таҳсил, илм, касбу ҳунаромӯзӣ ва таъмини ҷойҳои корӣ шароити мусоид фароҳам оварда истодааст. Айни замон 33 фоизи шумораи аҳолии ноҳияро ҷавонон ташкил менамоянд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва насли ояндасози миллат ба ҳисоб рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи хоса қарор доранд.
Боиси қайд аст, ки бо ташаббуси Раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 25 май Рӯзи ҷаҳонии Футбол аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуд.Яке аз масъалаҳои муҳим, ки барои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, меҳанпарастии ҷавонон зарур аст, ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ, оммавӣ дар доираи фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ мебошад.
Дар шароити кунунӣ масъалаи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар ҷомеаи кишвари мо яке аз масъалаҳои калидӣ ба шумор меравад. Дар шароити кунунӣ, ки вазъи ноором дар ҷаҳон ҳукмфармо аст, Пешвои муаззами миллат аз ҷавонон умедҳои зиёд доранд. Бесабаб Ватанро бо Модар баробар намекунанд.
Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шумо ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар қатори ҷавонони кишвар бояд пайваста кӯшиш намоед, ки рисолати бузурги созандагиву офарандагии худро боз ҳам амиқтар дарк намоед. Мо бояд бо шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёр ва сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона заҳмат кашем, ватанамонро обод созем, давлатамонро неруманду пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ҷавонони мо созандагони фардои ватан ва пайравони арзандаи Пешвои миллатанд ва бо амалҳои неку ҷавонмардонаи худ дар рушди созандагии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар Шумо – ҷавонони азиз ва мардуми сарбаланди ноҳияро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору пайкори ободгаронаатон пирӯзиҳо орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҷавонони азиз!
Бо эҳтироми самимӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек


