Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 майи соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Акмал Оқилзода бахшида ба Иди саиди Қурбон аз Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳӣ” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия дидан намуда, бо шароити зисту зиндагии онҳо шинос шуданд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо беморони ин муассиса ба муносибати Иди саиди Қурбон табрику шодбош намуда, таъкид намуданд, ки иди Қурбон яке аз суннатҳои волою арзишманди мусалмонон буда, хабаргирӣ аз ҳолу аҳволи ятимон, беморону бепарасторон ва кӯдакони имконияти маҳдуддошта ҳамеша таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхории бештар зоҳир мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки зимни ташриф ба Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳӣ”-и ноҳия барои беморони муассисаи мазкур дастурхони идона ороста шуд.
Дар фарҷом, роҳбарият, кормандон ва беморони ин муассиса аз чунин иқдом дар арафаи иди Қурбон хеле шоду хурсанд шуда, ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннатдорӣ намуданд.






