Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамешагии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои бунёди кӯдакистонҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Бо чунин ҳадаф, санаи 12 июни соли 2026 ҷиҳати таъмини иҷрои нақша – чорабиниҳои марбут ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Сомониён дар деҳаи Ӯзбекқишлоқ аз рафти корҳои сохтмонии бинои иловагии кӯдакистони рақами 9 боздид намуданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед зимни суҳбат бо сокинони деҳаи зикршудаи ноҳия иброз доштанд, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин бунёд кардани як муассисаи томактабӣ вазифагузорӣ карда шудааст ва барои иҷрои ин супориш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд.
Бунёди бинои иловагии кӯдакистони рақами 9 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониён бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, кумитаи падару модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии кӯдакистони мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 240 нафар кӯдак – тарбиятгиранда пешбинӣ гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки кӯдакистони рақами 9 бо шароити мусоид таъмин буда, дар он зиёда аз 108 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар умум 27 коргар – 9 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд.
Роҳбари ноҳия таъкид намуданд, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суръат гирифта истодааст ва барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таъсиси мактабу кӯдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон ва баланд бардоштани мақому манзалати мактабу кӯдакистонҳо корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд.
Ҳамчунин, ба масъулин ва мураббиён иброз гардид, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тадбирҳои судманд андешанд.





